Маблағгузории исломӣ барои некуаҳволии Шумо

Тартиби мусоиди пардохт – барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истеҳсолоти мавсимӣ

Маблағгузорӣ бо шартҳои имтиёзнок, риояи принсипҳои шаффофият ва адолат

Маҳсулотҳои маблағгузории исломӣ

Муробаҳа

Мақсади МУРОБАҲА қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ба молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

Иҷора

Бо воситаи иҷораи исломӣ Шумо амволи заруриро ба даст меоред. Баъди анҷоми мӯҳлати иҷора ё дар давоми он Шумо метавонед арзиши амволро пардохт намуда, соҳибмулки он гардед.

Салам

Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” маблағгузориро бо тартиби САЛАМ, мувофиқи шартҳои маблағгузории исломӣ пешниҳод мекунад.

Маблағгузории лоиҳавӣ

Лоиҳаи “Беҳтаркунии идораи захираҳои об дар вилояти Хатлон”, қисмати Б - “Дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ”.

Бонкдории исломӣ чист?


“Бонкдории исломӣ барои тақвият бахшидан ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бисёр хубро фароҳам меорад. Ва ин на танҳо барои он, ки ин хусусияти исломӣ ё шариатӣ дорад, балки бештар аз ин, барои он ки он ба принсипҳои ахлоқӣ асос ёфтааст, асоси он адолат, шаффофият ва устуворӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки дар мамлакати мо талабот ба ин намуди маблағгузорӣ мавҷуд аст. Дар дунё шумораи сармоягузороне, ки аз ин принсипҳо пайравӣ мекунанд афзуда истодааст, бинобар ин ҷалб намудани маблағгузориҳои бештар барои рушди ин самти фаъолияти Фонди «Имон» мушкил нахоҳад буд.”

– Гулбаҳор Махкамова



Мусоидат намудан ба ташакилёбӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар кишвар ҳамчун низоми алтернативии хизматрасонии молиявӣ, ҳамчунин татбиқи қоидаҳои ахлоқ ва адолат дар муомилот, ки дини ислом муқаррар намудааст.

Равзанаи бонкии исломии ФҚХ "ИМОН"