Салам



Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” маблағгузориро бо тартиби САЛАМ, мувофиқи шартҳои маблағгузории исломӣ пешниҳод мекунад.

Аҳди Салам – аҳди хариду фурӯши мол мебошад, ки дар он арзиши мол пешакӣ пардохта шуда, таҳвили мол дар мӯҳлати муайяни оянда, ки тарафҳои аҳд мувофиқа намудаанд, анҷом дода мешавад.

Дар доираи маҳсулоти САЛАМ Ташкилот хариди молҳои зеринро анҷом медиҳад:

  • - тармева ва сабзавот;
  • - меваи хушк (чормағз, бодом, писта ва ғ.);
  • - чормағзи заминӣ;
  • - нахи пахта ё пахтаи хоми коркард нашуда;
  • - гандум, ҷав, ҷуворимакка;
  • - хуроки чорво: коҳ ва юнучқаи хушк;
  • - биринҷ, гречка, нахуд, лубиё, мош;
  • - гӯшти гов, гусфанд ва парранда (вазни зинда ё тоза);
  • - равғани растанӣ;
  • - шакар, асал, чойи хушк.

Шартҳои маблағгузорӣ:

  • - Соҳибкор ё шахси ҳуқуқӣ амалкунанда буда, ҳадди ақал 6 моҳ собиқаи фаъолият дошта бошад;
  • - Доштани имконияти молиявӣ барои дар муҳлати муқарраршуда таҳвил кардани мол;
  • - Мӯҳлати маблағгузорӣ – то як сол, вобаста ба намуди мол, дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • - Меъёри даромади Ташкилот – 18 фоиз дар як сол;
  • - Ҳаҷми маблағгузорӣ – то 250 000 сомонӣ барои соҳибкорон ва то 500 000 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Тартиби таҳвили мол – дар санаи мушаххас ё дар якчанд санаҳо ҳангоми таҳвили қисм ба қисми мол, вобаста ба дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муқаррар карда мешавад;
  • - Таъминот: гарави амволи манқул ва ё ғайриманқул, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • - Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди САЛАМ ҳаққи хизмат ситонида намешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • - дархост барои анҷом додани аҳд;
  • - ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ: Шаҳодатнома, РМА, иқтибос аз Феҳрасти давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  • - шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин (барои хоҷагиҳои деҳқонӣ);
  • - шиносномаи соҳибкор бо қайди ҷои истиқомат;
  • - шиносномаи роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ бо қайди ҷои истиқомат;
  • - ҳисоботи молиявӣ;
  • - дигар маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки ҳолати молиявӣ ва пардохтпазирии муштариро нишон медиҳанд.