Маблағгузории лоиҳавӣ



Лоиҳаи “Беҳтаркунии идораи захираҳои об дар вилояти Хатлон”, қисмати Б - “Дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ”

Лоиҳаи мазкур тавассути Шартномаи Ваколат миёни Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи ҶТ ва Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “Имон” амалӣ мегардад.

Мақсади лоиҳа:

  • - баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот тавассути беҳтаркунии идораи захираҳои обӣ бо эҷоди устуворӣ дар муқобили тағйирёбии иқлим;
  • - афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум;
  • - амнияти озуқаворӣ;
  • - мубориза бо камбизоатӣ;
  • - баланд бардоштани даромаднокии деҳқонон.

Маҳсулот: маҳсулотҳои амалкунандаи Равзана - муробаҳа ва иҷораи мунтаҳия битамлик.

Натиҷаҳои лоиҳа: беҳбудӣ дар низоми обёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъминоти об ба аҳолӣ, дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ, фароҳам овардани ҷои кори доимӣ барои аҳолӣ.

Шартҳои маблағгузорӣ:

  • - фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ;
  • - коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • - минтақаи фаъолият: вилояти Хатлон;
  • - ҳаҷми маблағгузорӣ: то 250 000 сомонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва то 500 000 сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ;
  • - мӯҳлати маблағгузорӣ: то 4 сол;
  • - меъёри даромад: имтиёзнок, 10%.