Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” маблағгузории хариди молро бо тартиби МУРОБАҲА, мувофиқи шартҳои маблағгузории исломӣ пешниҳод мекунад.
Мақсади МУРОБАҲА қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ба молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.
Дар доираи маҳсулоти мазкур Ташкилот бо дархости муштарӣ молро мехарад, маблағи изофапулиро (фоидаро) ба арзиши мол ҳамроҳ намуда, молро ба муштарӣ мефурӯшад. Арзиши мол ва маблағи изофапулӣ ҳатман ба муштарӣ ошкор карда мешаванд.
Дар доираи маҳсулоти МУРОБАҲА Ташкилот молҳои зеринро хариду фурӯш мекунад:
- - техникаи маишӣ, ашёи рӯзгор, мебел;
- - молҳои техникӣ;
- - нақлиёт, таҷҳизоту дастгоҳ;
- - ашё, маҳсулоти хом ва маводҳо барои таъмир ва сохтмони манзили шахсӣ;
- - чорво ва парранда барои парвариш;
- - қисмҳои эҳтиётӣ, чарху шина барои нақлиёт.
Шартҳои маблағгузорӣ:
- - Шахсони синнашон аз 20 то 61 сола;
- - Доштани манбаъи даромад (маош ё соҳибкорӣ);
- - Мӯҳлати маблағгузорӣ – то се сол, вобаста ба намуди мол, дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
- - Андозаи изофапулӣ – 10 фоиз дар як сол, аз арзиши мол;
- - Ҳаҷми маблағгузорӣ – то 250 000 сомонӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
- - Тартиби пардохти маблағи мол – давра ба давра (ҳармоҳа);
- - Пешпардохт: то 50 фоизи арзиши мол, вобаста аз намуди мол ва фаъолияти муштарӣ талаб карда мешавад;
- - Таъминот: гарави моли харидашуда, замонат, ё гарави дигар амвол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад;
- - Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди МУРОБАҲА ҳаққи хизмат ситонида намешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- - ариза барои хариди мол;
- - шиноснома бо қайди ҷои истиқомат;
- - РМА;
- - маълумот ва ҳуҷҷатҳо оиди даромад.