Соли 2002 Донишгоҳи Байналхалқии Исломии ш. Исломободи Покистонро бо ихтисоси бакалавр дар бахши иқтисодиёт (иқтисоди исломӣ) хатм намудааст. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, урду ва форсӣ мебошад.
Солҳои 2005 – 2009 дар вазифаи ёвар оид ба просессинг дар Бонки Исломии Аморат, Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият намудааст. Солҳои 2009 – 2010 дар вазифаи Менеҷери калон, ҳамоҳангсоз оид ба шариат дар Бонки Ал Ҳилал, Абу Даби, Аморати Муттаҳидаи Араб адои вазифа намудааст. Аз моҳи апрели соли 2010 то инҷониб дар вазифаи Сардор, нозир ва ҳамоҳангсоз оид ба шариат (нозир ва ҳамоҳангсози Шӯрои шариатӣ) дар Бонки исломии Ал Ҳилал, ш.Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад.
Соли 1991 Донишгоҳи Исломии Мадинаи шоҳигарии Арабистони Саудиро бо ихтисоси “Бакалавр дар бахши Шариат” хатм намудааст. Соли 1995 Донишгоҳи Урдунро бо ихтисоси “Магистр дар бахши Фиқҳ ва ҳуқуқ” хатм намудааст. Соли 1999 Донишгоҳи Бирмингеми Британияи Кабирро бо ихтисоси “Доктори фалсафа дар бахши Исломшиносӣ” хатм намудааст. Донандаи забонҳои малайзӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад.
Солҳои 1991 – 2006 дар Донишгоҳи байналхалқии исломии Малайзия дар вазифаҳои ёвари досенти Кафедраи дониши дини ислом, досенти ҳамин кафедра, ёвари профессори кафедра, ноиби декан, Директори идораи байналхалқии донишҷӯён кор кардааст. Солҳои 2007 – 2009 дар вазифаи Ноиб-ректори қисми илмӣ дар донишгоҳи байналхалқии Ал-Мадинаи Малайзия фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то инҷониб Паҷӯҳишгари калон дар Академияи Байналхалқии Паҷӯҳиши Шариат дар бахши молияи исломӣ, Малайзия, аз соли 2011 то инҷониб Профессори Маркази байналхалқии омӯзиши молияи исломӣ (МБОМИ), Малайзия мебошад.
Аз соли 2012 инҷониб - Раиси Раёсат дар Академияи Байналхалқии Паҷӯҳиши Шариат (АБПШ) оид ба молияи исломӣ дар Малайзия мебошад.
Доктор Ашраф Мд. Ҳашим олими варзида дар соҳаи молияи исломӣ буда, дар чандин муассисаҳои молиявӣ ва тадқиқотии исломӣ ба ҳайси мушовир ва аъзои Шӯрои шариатӣ адои вазифа мекунад.
Соли 2001 Донишгоҳи Димишқро аз рӯи ихтисоси “Ҳуқуқи исломӣ ва принсипҳои он” хатм намудааст, дар бахши Исломшиносӣ Доктори илм мебошад.
Дар факултаи исломшиносии донишгоҳи Ҳамад Бин Халифаи давлати Қатар, Фонди Қатар ба ҳайси Досент кор мекунад.
Доктор Абузайд Абдулазим олими варзида дар соҳаи молияи исломӣ буда, маводҳои зиёди илмии ӯ ба чоп расидаанд, ҳамчунин дар якчанд бонкҳои исломӣ ва ширкатҳои суғуртаи исломии Малайзия ва Аморати муттаҳидаи араб ба ҳайси аъзои Шӯрои шариатӣ, коршинос ва тренер оид ба шариат фаъолият намудааст.