Муробаҳа



Равзанаи бонкии исломии Фонди “ИМОН” маблағгузории хариди молро бо тартиби МУРОБАҲА, мувофиқи шартҳои маблағгузории исломӣ пешниҳод мекунад.

Мақсади МУРОБАҲА қонеъ намудани талаботи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ ба молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

Ташкилот бо дархости муштарӣ молро мехарад, маблағи изофапулиро (фоидаро) ба арзиши мол ҳамроҳ намуда, молро ба муштарӣ мефурӯшад.

Арзиши мол ва маблағи изофапулӣ ҳатман ба муштарӣ ошкор карда мешаванд.

Дар доираи маҳсулоти МУРОБАҲА Ташкилот молҳои зеринро хариду фурӯш мекунад:

  • - техникаи маишӣ, мебел;
  • - молҳои техникӣ;
  • - нақлиёт, таҷҳизоту дастгоҳ;
  • - ашё, маҳсулоти хом ва маводҳо барои истеҳсолот, таъмир ва сохтмон;
  • - тухмии растанӣ, нуриҳои минералӣ, хӯроки чорво;
  • - чорво ва парранда барои парвариш;
  • - қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёт, техникаи кишоварзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот;
  • - сузишворӣ, чарху шина барои нақлиёт ва техникаи кишоварзӣ.

Шартҳои маблағгузорӣ:

  • - мақсади истифодаи мол бояд аз нигоҳи дини ислом ҷоиз бошад;
  • - Соҳибкор ё шахси ҳуқуқӣ амалкунанда буда, ҳадди ақал 6 моҳ собиқаи фаъолият дошта бошад;
  • - Доштани имконияти молиявӣ барои пардохти маблағи мол;
  • - Мӯҳлати маблағгузорӣ – то се сол, вобаста ба намуди мол, дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • - Андозаи изофапулӣ – 10 фоиз дар як сол, аз арзиши мол;
  • - Ҳаҷми маблағгузорӣ – то 500 000 сомонӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • - Тартиби пардохти маблағи мол – давра ба давра, вобаста ба дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муқаррар карда мешавад;
  • - Пешпардохт: то 50 фоизи арзиши мол, вобаста аз намуди мол ва фаъолияти муштарӣ талаб карда мешавад;
  • - Таъминот: гарави моли харидашуда ё гарави дигар амвол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • - Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди МУРОБАҲА ҳаққи хизмат ситонида намешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • - ариза барои хариди мол;
  • - ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ: Шаҳодатнома, РМА, иқтибос аз Феҳрасти давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
  • - Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (барои хоҷагиҳои деҳқонӣ);
  • - шиносномаи соҳибкор бо қайди ҷои истиқомат;
  • - шиносномаи роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ бо қайди ҷои истиқомат;
  • - ҳисоботи молиявӣ.