Иҷораи мунтаҳия биттамлик



Бо воситаи иҷораи исломӣ Шумо амволи заруриро ба даст меоред. Баъди анҷоми мӯҳлати иҷора ё дар давоми он Шумо метавонед арзиши амволро пардохт намуда, соҳибмулки он гардед.

Предмети ИҶОРА инҳо шуда метавонанд:

  • - Амволи ғайриманқул (манзил, бинои истеҳсолию хизматрасонӣ);
  • - Воситаи нақлиёт;
  • - Техника ва таҷҳизот.

Предмети иҷора ва фурӯшандаи онро муштарӣ интихоб мекунад.

Мӯҳлати иҷора вобаста ба арзиши амвол ва имконияти муштарӣ муайян карда мешавад:

  • - Барои амволи ғайриманқул – то 10 сол;
  • - Барои нақлиёт, техника ва таҷҳизот – то 5 сол.

Маблағгузорӣ бо шартҳои имтиёзнок, риояи принсипҳои шаффофият ва адолат пешниҳод мегардад.