Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, барои дастгирии иқтисодии занон ва ҷавонон, Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” аз моҳи декабри соли 2023 сар карда, Лоиҳаи “Онлайн бизнес - акселератор барои бонувон ва ҷавонон”-ро оғоз намуд.

Дар асоси ин лоиҳа 86 нафар бонувону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар курси омӯзиширо дар бораи оғози тиҷорати хурд, тавассути платформаи электронӣ бо муваффақият хатм намуданд. Равзана 30 нафар иштирокчиёни лоиҳаро бо Қарзи исломии бефоиз маблағгузорӣ намуд.