Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҳафтаи ҷаҳонии пул (Global money week) баргузор мегардад. Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” низ имсол баҳри баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва рушди бонкдорӣ дар кишвари азизамон дар Литсейи давлатии ноҳияи Вахш бо ҳузури васеи донишҷӯёну омӯзгорон, чорабинии саводнокии пулиро доир намуд.
Дар ин чорабинии муҳим Менеҷери минтақавӣ оид ба маблағгузории исломӣ Гулҷаҳон Кабутова дар мавзӯи пайдоиши пул ва истифодаи он, бонк ва маблағгузории исломӣ маърӯза намуд. Чорабинии мазкур барои ҷавонон писанд омад ва хеле муфиду хотирмон буд.