Санаи 30 январи соли 2024 натиҷаҳои фаъолияти Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” дар соли 2023 баррасӣ гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳама самтҳои фаъолияти Равзана дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарият ва кормандон хуб арзёбӣ гардида, оиди дастовардҳо, пешравиҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маърӯзаҳо доир гардиданд.
Соли 2023 барои Равзана бобарор буд. Дар ин давра Равзана аввалин маркази хизматрасонии худро дар ш.Бохтар таъсис дод, миқёси фаъолият ва ҳаҷми маблағгузориҳо ба таври назаррас зиёд гардид, натиҷаҳои молиявӣ низ хубанд.