Дар соли 2023, аз моҳи Июл сар карда, Равзана дар ҳамкорӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молияи ҶТ тавассути Шартномаи Ваколат Лоиҳаи “Беҳтаркунии идораи захираҳои об дар вилояти Хатлон”-ро бо тарзи маблағгузории исломӣ оғоз намуд. Мақсади ин лоиҳа баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот тавассути беҳтаркунии идораи захираҳои об бо эҷоди устуворӣ дар муқобили тағйирёбии иқлим ва бардоштани даромаднокии деҳқонон мебошад. Ин лоиҳа асосан дар ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Восеъ, Н. Хусрав ва шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, бо шартҳои имтиёзнок амалӣ гардида истодааст.
Дар тӯли ин 5 моҳ, Равзана ба маблағи қариб 3 млн сомонӣ ба кишоварзони минтақа маблағгузории исломиро бо воситаи аҳдҳои Муробаҳа, Иҷора ва Салам иҷро намуда, ба кишоварзон гармхонаҳои инноватсионӣ, тракторҳо ва дигар эҳтиёҷоти кишоварзиро маблағгузорӣ кардааст.