Санаи 07.07.2023 сол дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзорасонии Шартномаи Вакала байни Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молия ва ташкилотҳои молиявии исломии шарик баргузор гардид. Хушбахтона Равзанаи бонкии исломии ФҚХ "ИМОН" низ ҳамчун шарик - иштирокчии лоиҳа Шартномаи Вакаларо оиди хати маблағгузории исломӣ имзо намуд.
Ин руйдоди муҳим дар рушди маблағгузории исломӣ дар Тоҷикистон мебошад, зеро бори аввал сармояи хориҷӣ барои маблағгузории исломӣ ба муассисаҳои молиявии исломӣ дастрас мегардад.
Равзанаи бонкии исломии Фонди "ИМОН" ҳамчун ташкилоти молиявии исломии пешқадам ва рушдёбанда ин имконияти мусоидро барои маблағгузории бахши кишоварзӣ самаранок истифода хоҳад намуд.