Директори Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН” дар Бизнес-форуми Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки санаҳои 19-20 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид фаъолона иштирок намуд.

Дар ин форум зиёда аз 200 иштирокчӣ — роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ, намояндагони ҳукумат, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва ширкатҳои инноватсионӣ аз кишварҳои CAREC иштирок доштанд. Аз ҷумла, Масато Кандо – Раиси Бонки Рушди Осиё, Адилбек Қосималиев – раиси Девони вазирон ва Бақит Сидиқов – вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон.



Бахшҳои асосии форум: логистика, тиҷорати рақамӣ, финтех, агротех, энергияи сабз ва сайёҳии устувор. Дар ҷаласаҳо инчунин моделҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва технологияҳои сабз дар пешбурди рушди устувор баррасӣ шуданд. Ин чорабинӣ нақши CAREC-ро ҳамчун платформа барои ҳамкории фарогири минтақавӣ, аз ҷумла имзои чор шарикии бахши хусусӣ дар логистика, тиҷорати электронӣ ва сайёҳӣ тасбит намуд.



Дар ҷараёни форум Директори Равзана бо роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ мулоқот намуда, масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, густариши бонкдорӣ ва ҷалби сармоя дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Директори Равзана таъкид намуд, ки чунин форумҳо барои таҳкими робитаҳои иқтисодиву молиявӣ ва дастгирии ташаббусҳои нав дар соҳаи бонкдорӣ аҳамияти бузург доранд.