Санаҳои 16-18 сентябри соли ҷорӣ намояндагони Равзана дар форуми байналмилалии молиявии исломӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Форум таҳти унвони “20-умин Форуми байналмилалии олимони шариат оид ба маблағгузории исломӣ (ISSF2025)” баргузор шуда, беш аз 500 мутахассис ва зиёда аз 30 олимони соҳаи бонкдории исломӣ аз 25 кишвари ҷаҳонро гирди ҳам овард.
Директори Равзана ва ҳамоҳангсоз дар бахшҳои гуногуни Форум ширкат варзида, таҷриба ва донишҳои худро бо ҳамкорони байналмилалӣ мубодила намуданд.
Дар Форуми мазкур мавзӯъҳои гуногуни бонкдории исломӣ, аз ҷумла гуногун намудани маҳсулоти маблағгузорӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи технологияҳои блокчейн дар низоми молиявӣ ва табдили бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ муҳокима шуд.
Иштироки кормандони Равзана дар чунин чорабинии сатҳи баланд, на танҳо ба таҳкими нуфузи Равзана дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад, балки заминаи хубе барои татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти рӯзмарраи Равзана мебошад.