Намояндагони Равзанаи бонкии исломии ФҚХ “ИМОН”, дар санаи 15-17 моҳи июни соли 2025, дар “4-умин Форуми оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣ дар кишварҳои ИДМ”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.
Форум бо ҳадафи таҳкими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои молиявии исломӣ, мубодилаи таҷриба ва баррасии масоили муҳими рушди бонкдории исломӣ дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ баргузор шуда, намояндагони бонкҳо, ниҳодҳои танзимгар ва коршиносони соҳа аз кишварҳои гуногунро гирди ҳам овард.
Директори Равзана оид ба механизми татбиқи принсипҳои шариат дар маҳсулоти маблағгузории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман ва дар Равзана хоссатан маърӯза намуда, таҷрибаи Равзанаро пешиҳоди ҳамагон намуд.
Иштироки роҳбарияти Равзана дар чунин чорабинии сатҳи минтақавӣ, ба густариши нуфузи Равзана дар бозори молиявии исломӣ мусоидат намуда, заминаи мусоиде барои ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меорад.