Баҳри вусъат додани хизматрасониҳои худ, мо дар санаи 17.09.2024 Маркази хизматрасонии Равзанаи бонкии исломии худро дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ифтитоҳ намудем.

Дар маросими расмии кушодашавии ин марказ Шӯрои парасторони Фонд ва аъзоёни Кумитаи хизматрасони маблағгузории исломӣ аз хориҷи кишвар, аз давлатҳои ИМА, Малайзия, Қатар ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин меҳмонон аз мақомотҳои давлатӣ, Бонки Милли Тоҷикистон ва кормандону мизоҷон ҳузур доштанд.



Маркази хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт ва гирду атрофи он хизматрасониҳои Равзанаро пешкаш менамояд.

Равзана айни ҳол дорои 2 маркази хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва идораи марказӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.