Таърихи ташкилот

Равзанаи бонкии исломии ФҚХ «ИМОН» бо қарори Шӯрои парасторони ФҚХ ИМОН аз 7 майи соли 2019 таъсис ёфта, санаи 15 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Дар асоси Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2020 Равзана барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ ҳуқуқ пайдо намуд.

Фаъолияти Равзана оид ба анҷомдиҳии маблағгузории исломӣ 13 апрели соли 2020 оғоз гардид.

Аввалин маҳсулоте, ки Равзана ба муштариён пешниҳод намуд, маблағгузорӣ бо тартиби МУРОБАҲА мебошад.