Махкамова Гулбаҳор – Раиси Шӯрои парасторони ФҚХ «ИМОН»
Махкамова Гулбаҳор зиёда аз бист сол дар ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналхалқӣ ва маҳаллӣ оиди масъалаҳои рушди иқтисодӣ, гендерӣ ва маблағгузории хурд кору фаъолият намудааст. Тули даҳ соли охир ӯ дар бахши маблағгузории хурд фаъолият бурда, вазифаҳои роҳбариро дар самтҳои фаъолияти амалиётӣ, маркетинг, захираҳои меҳнатӣ, коркарди маҳсулотҳо ва идоракунии сифат иҷро намудааст. Махкамова Г. Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст, ҳамчунин барномаи таҳсилоти байналхалқии «Пешсафӣ бо мақсади рушди устувор» ва барномаи минтақавии мубодилаи идроргирандагон ACCESS-ро дар донишгоҳи Колумбия, Институти Гарриман ба итмом расонидааст. Соҳиби дараҷаи илмии номзади илм мебошад ва аз рӯи кори илмии худ зиёда аз даҳ маводҳоро ба нашр расонидааст. Махкамова Г. Раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон мебошад.
Фируза Маҳмудова қариб 20 сол инҷониб дар ташкилотҳои гуногун фаъолият намудааст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намуда, баъдан ба аспирантура дохил шуд ва соли 2011 соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардид. Аз соли 2010 инҷониб дар Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон кор мекунад. Давоми 5 сол ревизори Шӯрои Саҳмдорони ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» буд, аз соли 2018 инҷониб аъзои Шӯрои парасторони ФҚХ «ИМОН» мебошад. Ғайр аз фаъолияти касбӣ ба кори илмӣ машғул мебошад, муаллифи зиёда аз даҳ мақола ва маводҳои илмӣ мебошад.
Ллойд Маккормик дар коркарду татбиқи лоиҳаҳои рушди байналхалқӣ дар самти рушди иқтисодӣ ва ҷавонон, ҳамчунин барномаҳои маблағгузории хурд таҷрибаи зиёда аз бистсола дорад. Ҷаноби Маккормик ҳамчунин дар идоракунии бизнеси бахши хусусӣ таҷрибаи амиқ дорад, ки вазифаҳои қабули қарор ва назоратро дар соҳаҳои маркетинг, идоракунии кормандон, молия, назорати сифат, харид ва хизматрасонии мизоҷонро дар бар мегирад. Донишгоҳи Колорадои Шимолии ИМА-ро бо ихтисоси «менеҷмент ва бизнес-маъмуриятчигӣ» хатм намудааст. Ллойд Маккормик дар оғози ташкилёбӣ ва рушди аввалин муассисаҳои молиявии хурд дар Тоҷикистон иштирок намуда, саҳм гузоштааст.
Аюбҷон Юсупов – доктори философия, дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ва мутахассиси бахши байналхалқии Донишкадаи иқтисод ва савдо, ки дар он ҷо аз рӯи ихтисосҳои иқтисод ва математика бо забони англисӣ дарс мегӯяд. Соли 2011 Департаменти давлатии ИМА Аюбҷон Юсуповро ҳамчун хатмкардаи барномаи Минтақавии мубодилаи олимони Бюро оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанг (RSEP) аъзои хатмкардаи Давлатии моҳ интихоб намуд. Доктор Юсупов барномаи таълимии инноватсиониро оиди иқтисод барои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон коркард намудааст.
Аюбҷон Юсупов барномаи умумиҷаҳонии «Дастоварди ҷавонон»-ро оид ба соҳибкорӣ, омодагӣ ба кор ва маърифатнокии молиявӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷорӣ намуд. Бо дастгирии молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID), Ташкилот оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар аврупо, Ҳайати Шафқат, Фонди Евразия ва Бонки Ҷаҳонӣ ӯ барномаҳои JA Worldwide – ро дар 250 мактабҳои Тоҷикистон оғоз намуд. Ҳамчунин соли 2015 Аюбҷон Юсупов ба ҳайси мушовири Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷалб гардида буд.
Илҳом Ғуломҷонов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар факултаи забонҳои хориҷии ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст. Соли 1996 Илҳом яке аз асосгузорони ташкилоти ғайриҳукуматии маҳаллии «Иттифоқ» мегардад, ки дар он ба ҳайси директори иҷроия фаъолият намуда, лоиҳаҳои ҷавононро роҳбарӣ мекунад. Аз соли 1998 Илҳом дар ташкилоти ғайриҳукуматии фаронсавии ACTED кор мекунад ва айни ҳол филиали ташкилоти мазкурро дар вилояти Суғд роҳбарӣ мекунад. Дар доираи фаъолияти ACTED Илҳом дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳукуматӣ ва ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои гуногунро дар самти рушди иқтисодӣ ва хоҷагии қишлоқ дар минтақаи водии Фарғона роҳбарӣ мекунад. Ҳамчунин лоиҳаҳоро оид ба дастгирии аҳолии деҳот тавассути барномаҳои маблағгузории хурд ҳамоҳангсозӣ намуда, яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди маҳаллӣ «Маблағгузорӣ ва рушди деҳот»-ро роҳбарӣ намудааст. Соли 2008 узви Шӯрои директорони ОКСУС Микрофинанс дар Қирғизистон буд. Аз соли 2008 ба ҳайси директори филиали ташкилоти ACTED дар вилояти Суғд барои ҳамоҳангсозии барномаҳои ин ташкилот дар минтақа фаъолият мебарад.
Мақсудӣ Анвар Темурзода – олим, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси физикаю математика хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба ҳайси лаборанти калони факултаи физикаи Донишкадаи педагогии Ленинобод оғоз намудааст. Солҳои 1993 – 1996 дар вазифаҳои сармуаллим, мудири кафедра, декани факулта ва иҷрокунандаи вазифаи директори филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2010 – 2014 дар вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №675 аз 31.10.2014с. ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таъин гардид ва дар ин вазифа то соли 2017 фаъолият намуд. Аз соли 20.. инҷониб Директори маркази илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд мебошад. Анвар Мақсудӣ соли 1992 рисолаи номзадиро дар бахши физика дифоъ намудааст, муаллифи зиёда аз 75 мақолаҳои илмӣ, як монография, 29 сертификатҳои интеллектуалӣ, 5 дастурҳои методӣ, ҳамчунин роҳбари 9 лоиҳаҳои байналхалқӣ мебошад. Бо Ордени «Хизмати шоиста» (с. 2011), унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд мукофотҳои фахрии Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ, инчунин бо Медали фахрии дараҷаи 2 Кумитаи Умумироссиягӣ оид ба коррупсия (с. 2014) сарфароз гардонида шудааст.