Дар санаи 01/01/2024 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», Қарзи БИР №TJK-1013, Қисмати В «Дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ» озмунро миёни мутахассисони ташкилотҳои маблағгузории исломӣ – шарикони лоиҳа эълон намуда буд.

Санаи 18/03/2024 дар бинои Вазорати молия ҷаласаи натиҷагирии Озмун аз рӯи ҳаҷми маблағгузорӣ ва шумораи мизоҷон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Роҳбари Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот" Сатторзода Ҷамшед ва роҳбарони ташкилотҳои маблағгузории исломӣ иштирок доштанд.

Хушбахтона, кормандони Равзана Кабутова Гулҷаҳон – менеҷери минтақавӣ оиди маблағгузории исломӣ ва Ҳоҷибоев Исмоилҷон – мутахассис оиди маблағгузории исломӣ соҳиби ҷоизаи дараҷаи Ⅱ (аз рӯи ҳаҷми маблағгузорӣ) гардиданд.

Ин аввалин лоиҳаи ҷалби маблағгузории исломӣ буда, аз ҷониби Равзана бо муваффақият амалӣ шуда истодааст.