Муробаҳа

Равзанаи бонкии исломии ФҚХ «ИМОН» ҳамчун ташкилоти молиявии исломӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани маблағгузории хурди исломӣ маҳсулоти маблағгузории савдоро дар намуди муробаъа ҷорӣ намуд.

Мақсади муробаъа қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ба молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

Дар доираи маҳсулоти мазкур Ташкилот бо дархости муштарӣ молро мехарад, маблағи изофапулиро (фоидаро) ба арзиши мол ҳамроҳ намуда, молро ба муштарӣ мефурӯшад. Арзиши мол ва маблағи изофапулӣ ҳатман ба муштарӣ ошкор карда мешаванд.

Дар доираи маҳсулоти муробаъа Ташкилот молҳои зеринро хариду фурӯш мекунад:

  • техникаи маишӣ, мебел;
  • телефон, планшет, компютер;
  • нақлиёт барои истифодаи шахсӣ;
  • таҷҳизот ва дастгоҳ барои эҳтиёҷоти хонавода;
  • чорво ва парранда барои парвариш.

Шартҳои маблағгузорӣ:

  • Шахсони синнашон аз 21 то 61 сола;
  • Доштани манбаъи даромад (маош ё соҳибкорӣ);
  • Мӯҳлати маблағгузорӣ – то як сол, вобаста ба дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Андозаи изофапулӣ – 10 фоиз аз арзиши мол;
  • Ҳаҷми маблағгузорӣ – то 250 000 сомонӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Тартиби пардохти маблағи мол – давра ба давра (ҳармоҳа);
  • Пешпардохт: на кам аз 10 фоизи арзиши мол барои маблағи зиёда аз 10 000 сомонӣ, вобаста аз фаъолияти муштарӣ ва намуди мол талаб карда мешавад;
  • Таъминот: гарави моли харидашуда, замонат, ё гарави дигар амвол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди муробаҳа ҳаққи хизмат ситонида намешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • ариза барои хариди мол;
  • шиноснома бо қайди ҷои истиқомат;
  • РМА;
  • маълумот оиди даромад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба рақами …… занг занед ё дархости худро дар ҳамин саҳифа гузоред.