Шоев Маҳмадрузӣ Аскарович – Раиси Кумита
Соли 2002 Донишгоҳи Байналхалқии Исломии ш. Исломободи Покистонро бо ихтисоси бакалавр дар бахши иқтисодиёт (иқтисоди исломӣ) хатм намудааст. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, урду ва форсӣ мебошад.
Солҳои 2005 – 2009 дар вазифаи ёвар оид ба просессинг дар Бонки Исломии Аморат, Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият намудааст. Солҳои 2009 – 2010 дар вазифаи Менеҷери калон, ҳамоҳангсоз оид ба шариат дар Бонки Ал Ҳилал, Абу Даби, Аморати Муттаҳидаи Араб адои вазифа намудааст. Аз моҳи апрели соли 2010 то инҷониб дар вазифаи Сардор, нозир ва ҳамоҳангсоз оид ба шариат (нозир ва ҳамоҳангсози Шӯрои шариатӣ) дар Бонки исломии Ал Ҳилал, ш.Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дорад.
Ашраф Бин Мд Ҳашим – аъзои Кумита
Соли 1991 Донишгоҳи Исломии Мадинаи шоҳигарии Арабистони Саудиро бо ихтисоси “Бакалавр дар бахши Шариат” хатм намудааст. Соли 1995 Донишгоҳи Урдунро бо ихтисоси “Магистр дар бахши Фиқҳ ва ҳуқуқ” хатм намудааст. Соли 1999 Донишгоҳи Бирмингеми Британияи Кабирро бо ихтисоси “Доктори фалсафа дар бахши Исломшиносӣ” хатм намудааст. Донандаи забонҳои малайзӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад.
Солҳои 1991 – 2006 дар Донишгоҳи байналхалқии исломии Малайзия дар вазифаҳои ёвари досенти Кафедраи дониши дини ислом, досенти ҳамин кафедра, ёвари профессори кафедра, ноиби декан, Директори идораи байналхалқии донишҷӯён кор кардааст. Солҳои 2007 – 2009 дар вазифаи Ноиб-ректори қисми илмӣ дар донишгоҳи байналхалқии Ал- Мадинаи Малайзия фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то инҷониб Паҷӯҳишгари калон дар Академияи Байналхалқии Паҷӯҳиши Шариат дар бахши молияи исломӣ, Малайзия, аз соли 2011 то инҷониб Профессори Маркази байналхалқии омӯзиши молияи исломӣ (МБОМИ), Малайзия мебошад.
Аз соли 2012 инҷониб – Раиси Раёсат дар Академияи Байналхалқии Паҷӯҳиши Шариат (АБПШ) оид ба молияи исломӣ дар Малайзия мебошад.
Доктор Ашраф Мд. Ҳашим олими варзида дар соҳаи молияи исломӣ буда, дар чандин муассисаҳои молиявӣ ва тадқиқотии исломӣ ба ҳайси мушовир ва аъзои Шӯрои шариатӣ адои вазифа мекунад.
Шоев Рӯзибой Исохонович – аъзои Кумита
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро бо истисоси “Иқтисод ва идоракунии истеҳсолот” хатм кардааст. Баъдан соли 2009 Коллеҷи байналмилалии IPC–ро дар Зеландияи Нав бо ихтисоси “муносибатҳои байналхалқӣ” хатм намуд.
Солҳои 1998 – 2008 дар вазифаҳои муҳосиб, хазинадор, ҷонишини сармуҳосиб ва сармуҳосиб дар бонки Эсхата, муассисаҳои вилоятии БДА “Амонатбонк”, ФҚХ “ИМОН” ва ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” кор кардааст. Солҳои 2011 – 2016 дар вазифаи Директори генералӣ дар ФҚХ “ИМОН” фаъолият намудааст. Аз соли 2016 инҷониб дар ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” кор мекунад. Айни замон дар вазифаи Аудитори дохилӣ дар ҶСП ТАКХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” фаъолият дорад.
Шоев Рӯзибой оид ба бонкдории исломӣ омӯзиш ва такмили ихтисос намуда, дорои донишу малакаи зарурӣ дар ин соҳа мебошад.