Муробаҳа

Равзанаи бонкии исломии ФҚХ «ИМОН» ҳамчун ташкилоти молиявии исломӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани маблағгузории хурди исломӣ маҳсулоти маблағгузории савдоро дар намуди муробаъа ҷорӣ намуд.

Мақсади муробаъа қонеъ намудани талаботи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ ба молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

Дар доираи маҳсулоти мазкур Ташкилот бо дархости муштарӣ молро мехарад, маблағи изофапулиро (фоидаро) ба арзиши мол ҳамроҳ намуда, молро ба муштарӣ мефурӯшад. Арзиши мол ва маблағи изофапулӣ ҳатман ба муштарӣ ошкор карда мешаванд.

Дар доираи маҳсулоти муробаъа Ташкилот молҳои зеринро хариду фурӯш мекунад:

  • техникаи маишӣ, мебел;
  • телефон, планшет, компютер;
  • нақлиёт барои истифодаи истеҳсолии ҳалол;
  • таҷҳизот ва дастгоҳ барои истеҳсолот ё хизматрасонии ҳалол;
  • ашё ва маҳсулоти хом барои истеҳсолоти ҳалол;
  • чорво ва парранда барои парвариш.

Шартҳои маблағгузорӣ:

  • Соҳибкор ё шахси ҳуқуқӣ амалкунанда буда, ҳадди ақал 6 моҳ собиқаи фаъолият дошта бошад;
  • Доштани имконияти молиявӣ барои пардохти маблағи мол;
  • Мӯҳлати маблағгузорӣ – то як сол, вобаста ба дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Андозаи изофапулӣ – 10 фоиз аз арзиши мол;
  • Ҳаҷми маблағгузорӣ – то 350 000 сомонӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Тартиби пардохти маблағи мол – давра ба давра (ҳармоҳа ё семоҳа), вобаста ба дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муқаррар карда мешавад;
  • Пешпардохт: на кам аз 10 фоизи арзиши мол барои маблағи зиёда аз 10 000 сомонӣ, вобаста аз фаъолияти муштарӣ ва намуди мол талаб карда мешавад;
  • Таъминот: гарави моли харидашуда ё гарави дигар амвол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад;
  • Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди МУРОБАҲА ҳаққи хизмат ситонида намешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • ариза барои хариди мол;
  • ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ: Шаҳодатнома, РМА, Иқтибос аз Феҳрасти давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ;
  • шиносномаи соҳибкор бо қайди ҷои истиқомат;
  • шиносномаи роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ бо қайди ҷои истиқомат;
  • ҳисоботи молиявӣ.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба рақамҳои зерин занг занед:

(+992) 92 707-15-59, 828-77-79