Иҷора

Бо воситаи иҷораи исломӣ Шумо амволи заруриро ба даст меоред. Баъди анҷоми мӯҳлати иҷора ё дар давоми он Шумо метавонед арзиши амволро пардохт намуда, соҳибмулки он гардед.

Предмети ИҶОРА инҳо шуда метавонанд:

–          Амволи ғайриманқул (манзил, бинои истеҳсолию хизматрасонӣ);

–          Воситаи нақлиёт;

–          Техника ва таҷҳизот.

Предмети иҷора ва фурӯшандаи онро муштарӣ интихоб мекунад.

Мӯҳлати иҷора вобаста ба арзиши амвол ва имконияти муштарӣ муайян карда мешавад:

Барои амволи ғайриманқул – то 10 сол

Барои нақлиёт, техника ва таҷҳизот – то 5 сол

Маблағгузорӣ бо шартҳои имтиёзнок, риояи принсипҳои шаффофият ва адолат пешниҳод мегардад.