РАВЗАНАИ ИСЛОМӢ
Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Бонки миллии Тоҷикистон, Фонди Қарзии Хурди «ИМОН» давоми чанд соли охир барои татбиқи стратегияи роҳандозии бонкдории исломӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, моҳи феврали соли ҷорӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ ба даст овард.
Бояд қайд кард, ки Фонд то инҷониб кормандони худро дар ин самт ба омӯзиш фаро гирифта, тавассути иштирок дар семинару машваратҳои дохиливу байналмиллалӣ мутахассисони баландихтисосро омода кардааст ва барои пешниҳоди хизматрасониҳои бонкии исломӣ ба муштариён заминаи хуб фароҳам овардааст.
Хушбахтона, санаи 16 апрели соли равон нахустин амалиёти маблағгузории исломӣ аз ҷониби Фонд тавассути Равзанаи бонкии исломӣ анҷом дода шуд. Боиси қайд аст, ки низоми молиявии исломӣ аз рукнҳои дини ислом сарчашма мегирад, ки мафҳуми адолатро возеҳу рӯшан инъикос менамояд. Ногуфта пайдост, ки чунин падида ба манфиати муштариён аст. Фонди Қарзии Хурди «ИМОН» ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти низоми мазкурро ба назар гирифтааст ва барои беҳбудии зиндагии мардум кушиш ба харҷ медиҳад.
Барои пешниҳоди хизматрасониҳои бонкии исломӣ дар ФҚХ «ИМОН» Равзанаи бонкии исломӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онро мутахассисони касбӣ пеш мебаранд.
Ҷорӣ кардани фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба некуаҳволии мардуми кишвар равона карда шудааст ва ҳамчунин барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.
«Бонкдории исломӣ барои тақвият бахшидан ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бисёр хубро фароҳам меорад. Ва ин на танҳо барои он, ки ин хусусияти исломӣ ё шариатӣ дорад, балки бештар аз ин, барои он ки он ба принсипҳои ахлоқӣ асос ёфтааст, асоси он адолат, шаффофият ва устуворӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки дар мамлакати мо талабот ба ин намуди маблағгузорӣ мавҷуд аст. Дар дунё шумораи сармоягузороне, ки аз ин принсипҳо пайравӣ мекунанд афзуда истодааст, бинобар ин ҷалб намудани маблағгузориҳои бештар барои рушди ин самти фаъолияти Фонди «Имон» мушкил нахоҳад буд» – иброз дошт Гулбаҳор Махкамова дар маросими кушодашавии Равзанаи бонкии исломии Фонди «ИМОН».